Истифодаи хизматрасониҳои муосир дар меҳмонхонаҳои Тоҷикистон омӯзонида мешавад

Март 20, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 20.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Сайёҳӣ ҳамчун меҳвари таъсиси ҷойҳои корӣ дар шаҳру минтақаҳои дурдасти мамлакат нақши муҳим дорад.

Маҳз дар натиҷаи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ба роҳ мондани хизматрасониҳои муносиб ва муаррифии бештари имкониятҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ бамаротиб афзуда, ҷуғрофияи ташрифоти шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси сайёҳ ба мамлакат зиёд гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, имрӯзҳо дар доираи татбиқи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат семинару ҳамоишҳо ва суҳбату вохӯриҳо бо роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳҳо, соҳибкорон, шарикони рушд ва сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, имтиёзҳои андозию гумрукии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳамовардашуда мунтазам баргузор  шуда истодаанд.

Бояд гуфт, ки дар самти таъмини рақобатпазири маҳсулоти сайёҳии кишвар густариши хизматрасониҳои электронии сайёҳӣ дар низоми онлайн-замимаҳо (раводид, меҳмонхона, тарабхона, нақлиёт) хеле муҳим мебошад.

Дар заминаи ҳадафҳои мазкур 18-19 марти соли равон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҷалби доимии сайёҳону маҳмонони хориҷӣ ва ҷойгиркунии онҳо дар меҳмонхонаҳо бо ҷалби коршиносони соҳа семинари омӯзишии низоми истифодаи сомонаи Booking.com баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур мутахассиси соҳаи Booking.com ба намояндагони меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ҷиҳати сабти онҳо дар сомонаи Booking.com ва истифодаи он дарси омӯзишӣ гузаронида, барои омӯхтани системаи Booking.com ба иштирокчиён маводи зарурӣ дастрас намуд. Омӯзиши мазкур дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ роҳандозӣ карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки низоми истифодаи сомонаи Booking.com бузургтарин сомона барои банд кардани ҳуҷраи хоб дар меҳмонхонаҳои дунё амал намуда, ҳамарӯза аз ин сомона миллионҳо муштариён истифода мебаранд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ минбаъд низ бо ҷалби коршиносони дохилию байналмилалӣ барои ҷалби мунтазами сайёҳони хориҷӣ ва пешниҳоди сатҳи баланди меҳмондорӣ омӯзиши хизматрасониҳои муосири сайёҳиро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба роҳ мемонад.

Март 20, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд