Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон: Хабари Akhbor.com воқеият надорад

Март 22, 2019 09:34

ДУШАНБЕ, 221.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. 19 марти соли ҷорӣ Akhbor.com мақолаеро таҳти унвони «МАНБАЪ: САРВАЗИР ҚОҲИР РАСУЛЗОДА БА САБАБИ ВАЗЪИ САЛОМАТИАШ БА ИСТЕЪФО МЕРАВАД» нашр кардааст. Дар он, аз ҷумла зикр мешавад: «Манобеи сомнаи «Ахбор» хабар доданд, ки сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба сабаби вазъи саломатиаш ба истеъфо рафта, ба табобат машғул хоҳад шуд. Расулзода ба гуфтаи ҳамсуҳбатони «Ахбор», аз дарди ҷигар азият мекашад ва ба табобати фарогир дар хориҷ аз кишвар ниёз дорад».

Ин матлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук аз ҷониби корбарони зиёд бознашр шуда, вокуниш ва сару садоҳои мухталифро ба миён овардааст. Аксари корбарон аз вазъи саломатии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода изҳори нигаронӣ кардаанд.

Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон расман изҳор медорад, ки матлаби дар бораи вазъи саломатии Қоҳир Расулзода дар Akhbor.com нашршуда, ба ҷуз аз тахмину гумон ҳеҷ воқеият надорад. Вазъи саломатии Сарвазири мамлакат хуб буда, ба табобат эҳтиёҷе надорад ва мисли пешин дар ин вазифаи масъули давлатӣ рисолати хешро ба садоқатмандӣ ба халқу Ватан иҷро менамояд.

Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 22, 2019 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст