Лигаи миллии футболи Тоҷикистон давраи бақайдгирӣ ва дархости дастаҳоро муайян кард

Март 4, 2019 09:35

ДУШАНБЕ, 04.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Лигаи миллии футболи Тоҷикистон давраи бақайдгирӣ ва дархости дастаҳоро  дар мавсими футболи соли 2019 муайян кард. Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, он аз 6 март оғоз ёфта, то 16 март идома мекунад.

Тибқи хабари расида, дастаҳо имкон доранд дар бораи ҳайати худ ба ФФТ дархости худро расонанд. Ҳамчунин ба клубҳои футбол иҷозат додаанд,  ки  то 25 март бо пешниҳоди сертификати байналмилалӣ-«ITC» (International Transfer Certificate) футболбозони хориҷиро низ ба ҳайати дастаашон дохил намоянд.

Чемпионати 28-уми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ бо ширкати 8 даста дар се марҳила гузаронида мешавад. Аз рӯи анъана пеш аз оғози Чемпионат- 29 март бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» баргузор мегардад.

Реҷаи қабули дархост аз  дастаҳои Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон -2019:

6 март (чоршанбе )

10:00 – «Истиқлол» (Душанбе)

7 март (панҷшанбе)

11:00 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

9 март (шанбе)

10:00 – «Кӯктош» (Рӯдакӣ)

 10 март (якшанбе)

10:00 – КМВА «Помир» (Душанбе)

 11 март (душанбе )

14:00 – «Истаравшан» (Истаравшан)

12 март (сешанбе)

14:00 – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

 13 март (чоршанбе)

14:00 – «Хатлон» (Бохтар)

14 март (панҷшанбе)

10:00 – «Хуҷанд» (Хуҷанд)

Март 4, 2019 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд