Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастрастарин мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон эътироф гардид

Март 12, 2019 09:15

ДУШАНБЕ, 12.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар асоси назарсанҷие, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон миёни  намояндагони ВАО-кишвар доир намуд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастрастарин мақомоти давлатӣ миёни вазорату идораҳои мамлакат эътироф  гардид.

Натиҷаи назарсанҷиҳо ва озмунҳое, ки аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Академияи ВАО-и Тоҷикистон  эълон гардида буд, 11 март зимни ҷамъомади тантанавӣ дар  маросими таҷлили 107-умин солгарди Рӯзи матбуоти тоҷик дар Душанбе эълон карда шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар иттилоъ медиҳад, ки дар номинатсияи  «Нашрияи сол»  ҳафтаномаи Вазорати маориф ва илми кишвар  «Омӯзгор» ғолиб гардида, радиои  «Фарҳанг»  «Радиои сол», Муассисаи давлатии  телевизиони кӯдакон ва наврасон -«Баҳористон»  «Телевизиони сол»,  маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Беҳтарин маркази матбуоти сол», маҷаллаи  Кумитаи давлатии  идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон —  «Сарзамин» «Маҷаллаи сол»,   рӯзноманигори шинохта Шариф Ҳамдампур «Сармуҳаррири сол»  эълон гардида, бо диплому мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин Агентии миллии  иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар байни  нуҳ хабаргузории дар Тоҷикистон фаъол «Агентии иттилоотии сол» эътироф гардида,  бо дипломи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Ҳамзамон дар ҷамъомади тантанавӣ АМИТ «Ховар» барои ҳамкории пурсамар, саҳми арзишманд дар тарғиби ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва арзишҳои миллӣ бо сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон,  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Март 12, 2019 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд