МАРКАЗҲОИ БУКМЕКЕРӢ ҶОИ НАВРАСОН НЕСТАНД! Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар робита ба ҷалби ғайриқонунии ноболиғон ба ширкатҳои букмекерӣ бо роҳбарони онҳо мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 05.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо роҳбарони ширкатҳои букмекерӣ, ки дар ҳудуди пойтахт фаъолият менамоянд, дар робита ба ҷалби ғайриқонунии ноболиғон ба ин марказҳо мулоқот намуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ кормандони масъули дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони мақомоти ҳифзу ҳуқуқу тартибот, раёсатҳои андоз ва маорифи пойтахт иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ намудани воридшавии ноболиғон ба толорҳои марказҳои букмекерӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба муқаррарот ва меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани фаъолияти чунин марказҳо ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
«Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҷой доштани ҳолатҳои воридшавӣ ва ҷалби ғайриқонунии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба марказҳои букмекерӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, маорифи пойтахт ва ширкатҳои букмекерӣ ҷиҳати сари вақт бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва пешгирии ворид шудани наврасону ҷавонони то 18-сола ба чунин марказҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод», — илова намуд манбаъ.
Зикр шуд, ки воридшавии наврасону ҷавонон ба чунин марказҳо бар хилофи қонун буда, сари вақт пешгирӣ накардани ин омил дар раванди таҳсил, давомоти хонандагон ва мафкураи наврасону ҷавонон, ки дар ташаккули ҷомеаи солим нақши асосӣ доранд, таъсири манфӣ мерасонад.
Манбаъ афзуд, ки роҳбарони ноҳияҳои пойтахт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва масъулини соҳаҳои дахлдор муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо назоратро аз болои фаъолияти идораҳои букмекерӣ дар самти ҷалби ноболиғону хонандагон пурзӯр намоянд.
Бояд гуфт, ки Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи роҳбарони идораҳои букмекериро ба корҳои созандагиву ободкорӣ, таъмиру навсозии ҷойҳои корӣ ва тозагии атрофи маҳали фаъолият ҷалб намуда, зикр кард, ки дар сурати аз ҷониби идораҳои букмекерӣ риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ дар самти пешгирии ҷалби ноболиғон фаъолияти онҳо пурра қатъ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе 8 ширкати букмекерӣ дар 139 нуқта фаъолият менамоянд.









Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд






