Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Падамжа Хандевал

Март 12, 2019 11:13

ДУШАНБЕ, 12.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Падамжа Хандевалро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории молиявии дуҷониба доир ба Барномаи ояндаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазина дар доираи “Механизми васеи қарздиҳӣ” баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъорро мусбат арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки дар натиҷаи татбиқи ислоҳот ва ҳамкории судманд бо шарикони рушд, аз ҷумла Хазинаи Байналмилалии Асъор тайи солҳои охир фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беҳтар гардида, барои ҷалби сармояи хориҷӣ ҳамаи заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Зикр гардид, ки дар доираи стратегияи рушди дарозмуддат азму талошҳои Ҳукумати мамлакат барои ноил гардидан ба чор ҳадафи стратегӣ, яъне истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.

Зарур шуморида шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи афзалиятҳои стратегии рушди кишвар барои кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тавассути дастгирии буҷети давлат, соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ талошҳои ҷиддӣ ба харҷ хоҳад дод.

Дар мулоқот дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуд.

Мулоқот бо Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Падамжа Хандевал 12.03.2019

Март 12, 2019 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд