Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси 14-уми иттиҳодияи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 11.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси 14-уми иттиҳодияи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ ба шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш парвоз намуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, даъвати мазкур аз ҷониби раиси палатаи намояндагони ин давлат Ҳабиб Ал Мелкӣ, раиси палатаи шӯроҳои Шоҳигарии Марокаш Абделҳаким Бенчамач ва Дабири кулли иттиҳодияи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ сурат гирифта, он то 14 марти соли равон идома меёбад.
Ба иттилои манбаъ, мувофиқи нақша Акрамшо Фелалиев худи ҳамин рӯз дар кори нишасти 41-уми кумитаи иҷроияи ин иттиҳод, нуҳумин нишасти кумитаи мазкур оид ба масъалаҳои Фаластин ва ҷаласаи дуюми иттиҳоди котибони кулли давлатҳо-аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш иштирок менамояд.








Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд






