Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси 14-уми иттиҳодияи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ иштирок мекунад

Март 11, 2019 10:10

ДУШАНБЕ, 11.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси 14-уми иттиҳодияи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ ба шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш парвоз намуд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов  хабар дод, даъвати мазкур аз ҷониби раиси палатаи намояндагони ин давлат Ҳабиб Ал Мелкӣ, раиси палатаи шӯроҳои Шоҳигарии Марокаш Абделҳаким Бенчамач ва  Дабири кулли иттиҳодияи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ сурат гирифта, он то 14 марти соли равон идома меёбад.

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи нақша Акрамшо Фелалиев худи ҳамин рӯз дар кори нишасти 41-уми кумитаи иҷроияи ин иттиҳод, нуҳумин нишасти кумитаи мазкур оид ба масъалаҳои Фаластин ва ҷаласаи дуюми иттиҳоди котибони кулли давлатҳо-аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш иштирок менамояд.

Март 11, 2019 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Таҳти раёсати Раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамӣ Рустами Эмомалӣ ҷаласа баргузор гардид
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст