НАВО БО ДУ САДО. Дар Россия «Афсонаҳо ва ривоятҳои М. Горкий» бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ чоп шуданд

Март 29, 2019 16:37

ДУШАНБЕ, 29.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Хонаи табъу нашри «Айнӣ» дар Федератсияи Россия «Афсонаҳо ва ривоятҳои Максим Горкий»-ро бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ чоп намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, доктори илмҳои филологӣ, профессор Н. Солеҳов иттилоъ дод. Бояд зикр кард, ки китоби хуб ороиш додашуда аз рӯи лоиҳаи Бунёди адабии С. Айнӣ бо дастгирии молиявии ДСТР нашр шудааст. 

Дар тарҷумаи бадеии адабиёти Тоҷикистон эҷодиёти Максим Горкий ҳамеша ҷои махсусро ишғол мекард. Таваҷҷуҳ ба эҷодиёти ӯ то ҳоло ҳам зиёд ба мушоҳида мерасад. Дар маҷмӯа афсонаҳо ва ривоятҳои нависандаи бузург шомил шудаанд, ки ба забони тоҷикӣ дар солҳои гуногун, бештар дар давраи шӯравӣ тарҷума шудаанд. Тарҷумаҳо аз ҷониби устодони маъруфи каломи бадеӣ, ба мисли С. Улуғзода, М. Аминзода, Э. Муллоқандов, Х. Карим, А. Деҳотӣ, П. Толис, Р. Ҳошим, А. Пирмуҳаммадзода анҷом дода шудаанд. Ба маҷмӯа инчунин «Афсонаҳо дар бораи Самарқанд», ки аллакай имрӯзҳо ба забони тоҷикӣ  аз ҷониби нависанда ва журналист Мансур Суруш тарҷума шудааст, шомил гардидааст.  Китобе, ки бо пешгуфтори адабиётшинос А. Абдуманнонов оғоз мешавад, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Дар маҷмӯа расми М. Горкий ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик С. Айнӣ мебошад, ки соли 1934 дар Москва, дар рӯзҳои аввали анҷумани Иттифоқи нависандагони ИҶШС гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз рӯи лоиҳаи Бунёди адабии С. Айнӣ соли 2017 маҷмӯаи ҳаммонанди ашъори мунтахаби С. Есенин дар тарҷумаи устодонаи Лоиқ Шералӣ нашр шудааст. Бунёд ҳамчунин нақша дорад, ки ашъори А. Пушкинро бо номгӯи «Навои Шарқ»  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба нашр расонад.

Интишори чунин нашрияро метавон ҳамчун рӯйдоди адабӣ ва  далели густариши робитаҳои башардӯстона миёни Тоҷикистону Россия, ки солҳои тӯлонӣ шарики стратегӣ  ба шумор мераванд ва ҳамчун парвози баланди каломи бадеъ дар як болу чун наво бо ду садо баҳогузорӣ кард.

Март 29, 2019 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад