НАВРӮЗ ДАР ВИРҶИНИЯ. Дар ин рӯзҳо одамон дар зовияҳои гуногуни олам, аз ҷумла дар кишварҳои ғарбӣ ҳавои наврӯзӣ доранд…
ДУШАНБЕ, 22.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои Наврӯз тамоми мардуми олам, аз ҷумла кишварҳои ғарбӣ ҳавои наврӯзӣ доранд. Ба ин муносибат дар Лондон овозхонҳои Тоҷикистон, аз ҷумла гуруҳи «Шамс» ва Нобовар Чаноров консертҳо барпо намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба BBC.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҷлили Иди байналмилалии Наврӯзи Аҷам сол аз сол торафт бештар доман паҳн мекунад. Тоҷикон ва дигар форсизабонони Вашингтон ва аёлатҳои ҳамшафати он – Вирҷиния ва Мэриленд чун анъана дар ин рӯзҳо ба майдону боғҳо мебароянд, дар чорбоғи зебои Fort Hunt Park, ки дар шафати пойти ИМА ҷойгир аст, ҳамроҳи аҳли байташон маҳфилҳои(пикник) «Сайри саман» барпо мекунанд.
Дар таҷлили Наврӯз ва роҳандозии тадбирҳои идона ба тоҷикони муқими Амрико Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо созмонҳои ҷамъиятии «People of Tajikistan in America (PTA)» ва «Tajik American Cultural Association (TACA)» кӯмак мерасонанд. Дар рӯзҳои ид озмунҳои «Оши палав» ва суруду рақсҳои миллии тоҷикӣ баргузор карда мешаванд.
18 март Радиои «Би-би-си» паёми наврӯзии шоираи машҳури Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандиро, ба унвони тамоми мардуми форсизабони олам сабт кардааст, пахш намуд.










Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






