НАВРӮЗ ДАР ВИРҶИНИЯ. Дар ин рӯзҳо одамон дар зовияҳои гуногуни олам, аз ҷумла дар кишварҳои ғарбӣ ҳавои наврӯзӣ доранд…

Март 22, 2019 12:55

ДУШАНБЕ, 22.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои Наврӯз тамоми мардуми олам, аз ҷумла кишварҳои ғарбӣ  ҳавои наврӯзӣ доранд. Ба ин муносибат дар Лондон овозхонҳои Тоҷикистон, аз ҷумла гуруҳи «Шамс» ва Нобовар Чаноров консертҳо барпо намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба BBC.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҷлили Иди байналмилалии Наврӯзи Аҷам  сол аз сол  торафт бештар доман паҳн мекунад. Тоҷикон ва дигар форсизабонони Вашингтон ва аёлатҳои ҳамшафати он – Вирҷиния ва Мэриленд чун анъана дар ин рӯзҳо ба майдону боғҳо мебароянд, дар чорбоғи зебои  Fort Hunt Park, ки дар шафати пойти ИМА ҷойгир аст, ҳамроҳи аҳли байташон маҳфилҳои(пикник) «Сайри саман» барпо мекунанд.

Дар таҷлили Наврӯз ва роҳандозии тадбирҳои идона ба тоҷикони муқими Амрико Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо созмонҳои ҷамъиятии «People of Tajikistan in America (PTA)» ва «Tajik American Cultural Association (TACA)»  кӯмак мерасонанд. Дар рӯзҳои ид озмунҳои «Оши палав» ва  суруду рақсҳои миллии тоҷикӣ баргузор карда мешаванд.

18 март Радиои «Би-би-си» паёми наврӯзии шоираи машҳури Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандиро, ба унвони тамоми мардуми форсизабони олам сабт кардааст, пахш намуд.

 

Март 22, 2019 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид