НАВРӮЗ-2019. Ин ҷашни бошукӯҳро дар Душанбе бо баргузории Корвони шодии идона пешвоз мегиранд!
ДУШАНБЕ, 05.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар пойтахти мамлакат корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявию бадеӣ баргузор намудани Иди байналмилалии Наврӯз-2019 вусъат меёбанд. Дар ин замина аз ҷониби масъулин ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳо корҳои ободонию хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо, шаҳраку маҳаллаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгаштҳои пойтахт босуръат ҷараён доранд.
Тавре сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинон ва меҳмонони пойтахт Иди байналмилалии Наврӯзро 21 март бо баргузории Корвони шодии (карнавали) идона дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт пешвоз хоҳанд гирифт. Дар он ширинкорон ва дорбозон иштирок намуда, бо пешниҳоди ҳар гуна намоишҳои ҷолиб хотири иштирокдоронро болида гардонида, ба ин ҷашни бошукӯҳ таровати тоза мебахшанд.
«Ҳамчунин 22 март бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт таҳти унвони «Ганҷинаи Наврӯз» намоиши театришуда баргузор мегардад. Дар он ҳунармандони маъруфи санъат бо пешниҳоди беҳтарин оҳангу таронаҳои наврӯзӣ хотири меҳмонону сокинони пойтахтро шод мегардонанд. Инчунин дар ин ҷашнгоҳи наврӯзӣ намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад. Алҳол дар ин макон ороиши саҳна ва дигар корҳои омодагӣ ҷараён доранд», — афзуд А.Ҳакимзода.
Ба иттилои номбурда, бахшида ба ҷашни Наврӯз аз 21 то 25 март дар чор ноҳияи пойтахт баргузории барномаҳои фарҳангӣ фароғатӣ, ташкили сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин 23 март мусобиқаи гӯштини миллӣ ва 24 март мусобиқаи кушод оид ба пойга (аспдавонӣ) дар МД «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар назар дошта шудааст.
23 март дар пойтахти мамлакат Фестивали байналмилалии наврӯзӣ таҳти унвони «Мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор мегардад. Фестивали мазкур бо мақсади муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт баргузор мегардад. Ба Фестивали мазкур меҳмонон аз бародаршаҳрҳои Душанбе даъват карда мешаванд.
А. Ҳакимзода ҳамчунин иброз намуд, ки бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз — 2019 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ озмуни шаҳрии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор мегардад. Озмуни мазкур дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2019 ҷамъбаст мегардад.
«Озмун ҷиҳати таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ роҳандозӣ гардида, бо ин мақсад ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ тасдиқ гардидааст. Тибқи қарори дахлдор, озмун то 18 марти соли 2019 дар ноҳияҳои пойтахт ҷамъбаст гардида, гурӯҳи мазкур натиҷаҳои озмунро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 25 марти соли 2019 ҷамъбаст ва тибқи муқаррарот, ба гурӯҳи кории ҷумҳуриявии озмун пешниҳод менамояд. Хотиррасон менамоем, ки ғолиби ҷойи якуми озмун бо «Дипломи дараҷаи 1», ҷойи дуюм бо «Дипломи дараҷаи 2» ва ҷойи сеюм бо «Дипломи дараҷаи 3» сарфароз гардонида мешаванд. Натиҷаи ин озмун Душанбеи гулпӯшро гулгунтар хоҳад намуд»,- афзуд манбаъ.
Тибқи иттилои номбурда, алҳол иштирокдорони озмун барои соҳиб гардидан ба ҷойҳои сазовор талош дошта, дар ҳудуди пойтахт шинонидани гулҳои ориоишӣ идома дорад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»









Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






