Оғози сохтмони варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе

Март 15, 2019 16:48

ДУШАНБЕ, 15.03.2019 /АМИТ «Ховар»/.  15 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмони варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи бунёди варзишгоҳи муҳташам шинос шуданд.

Ин иншооти калон дар масоҳати беш аз 9 гектар сохта мешавад ва дар он барои баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ шароити муосир фароҳам оварда хоҳад шуд.

Тавре зимни муаррифии лоиҳаи иншооти варзишӣ иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди он бунёди биноҳои ёрирасон ва таваққуфгоҳ барои мошинҳо низ ба нақша гирифта шудааст. Варзишгоҳ аз чор минбар, ки дар ду сатҳ ҷойгир шудаанд, иборат мебошад.

Иншооти муосир дар доираи таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта мешавад. Масоҳати майдони футбол дар ин варзишгоҳи замонавӣ 105 ба 68 метрро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи варзишгоҳ, ба сохтмончиён барои анҷоми босифати корҳои бунёдӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаи якуми фазоӣ, зерминбарҳои шарқӣ ва ғарбии варзишгоҳ бунёди хонаҳои либосивазкунии варзишгарон ва ҳакамон, ҳаммом ва нуқтаи тиббӣ ба назар гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ин ҷо толорҳои машқу тамрин ва каҳвахонаҳо сохта мешавад.

Барои меҳмонон бунёди ҳуҷраҳои алоҳида бо шумораи умумии 448 ҷой, майдончаҳои сайругашт дар баландии беш аз 9 метр ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.

Дар минбари ғарбии варзишгоҳ дар баландии бештар аз 18 метр ҷойҳои нишасту тамошо барои меҳмонони воломақом бунёд мегардад. Ҳар як минбар ё қисмати Варзишгоҳ дорои баромадгоҳи алоҳида хоҳад буд.

Бояд таъкид дошт, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи варзиш, махсусан футбол дар мамлакат рушд намуда, барои варзишгарони ҷавону умедбахши Ватан муосиртарин шароити машқу тамрин фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе танҳо дар давоми ду соли охир дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, беш аз 170 майдончаи варзишӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Варзишгоҳи замонавӣ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст, ки сохтмонаш оғоз гардид, туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дӯстдорони соҳаи варзиш, аз ҷумла мухлисони футбол хоҳад буд.

Оғози сохтмони варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе 15.03.2019Оғози сохтмони варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе 15.03.2019

Март 15, 2019 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд