ОБ ЗАХИРА КУНЕД! Бинобар сабаби тармими қубурҳо интиқоли об ба баъзе маҳаллаҳои Душанбе муваққатан қатъ карда мешавад

Март 1, 2019 14:34

ДУШАНБЕ, 01.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби таъмиру тармими   қубури  обгузари   қутраш 600мм дар  чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Карамов интиқоли об тариқи он аз соати 23:00-и 1 март то 23:00-и 2 март қатъ карда мешавад. Дар ин бора имрӯз қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ   ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи ин қарор обрасонӣ ба як қатор маҳаллаҳо дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури Душанбе қатъ мегардад.

Аз ҷумла дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ — ба маҳаллаҳои А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У. Хайём ва Сари Осиё, кӯчаҳои Н.Хисрав, М.Турсунзода, Ш.Шоҳтемур, П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Пушкин, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ — аз кӯчаи У.Хайём то буриши кӯчаи С.Ғанӣ, инчунин Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангию фароғатии “Айнӣ” обрасонӣ масдуд карда мешавад.

Дар феҳрасти маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур, ки тайи як шабонарӯз ба онҳо интиқоли оби ошомиданқатъ мегардад,    маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қурғон, Хоруғ, Баҳорӣ, Бадахшон-1 ва Бадахшон-2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, академикҳо Раҷабовҳо, Бофанда ва С.Айнӣ — аз хонаи №1 то №77 номбар шудаанд..

Раиси Душанбе мақомоти ин ду ноҳияро муваззаф кардааст, ки дар ин муддат бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Тибқи қарори Раиси шаҳр ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои  Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» супориш дода шудааст, ки дар давраи иҷрои корҳои  таъмирӣ  бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд. Ба  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ  таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

 

Март 1, 2019 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад