ОБУ ҲАВО: имрӯз ҳавои Тоҷикистон боронӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 29.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10-15 ва дар баъзе ноҳияҳо то 20-25 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво 1-6 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баландии зиёда аз 2 ҳазор метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм шуда, рӯзона ҳарорат ба 9-14 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рўзона 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 0-5 ва рўзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8-10 ва рӯзона 18-20 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






