ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон борони шиддатнок меборад
ДУШАНБЕ, 30.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борони шиддатнок дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 11-16 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво 1-6 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар бадандии зиёда аз 2 ҳазор метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм шуда, рӯзона ҳарорат ба 8-13 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Шабона дар баъзе ноҳияҳо борон шиддат ёфта, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Шабона дар баъзе ноҳияҳо борон шиддат гирифта, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рўзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 0-5 ва рўзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Шабона шиддатёбии он дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10-12 ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.








Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад






