ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок шуда, борон меборад
ДУШАНБЕ, 28.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4-9 ва дар мавзеи Булункӯл 14-16 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво 2-7 дараҷа гарм шуда, дар мавзеи Булункӯл то 2-4 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рўзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва рўзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10-12 ва рӯзона 19-21 дараҷа гарм мешавад.








«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад






