ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст

Март 15, 2019 08:14

ДУШАНБЕ, 15.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш    мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 2-7 дараҷа сард  шуда, рӯзона  5-10  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   14-19  ва дар баъзе ноҳияҳо то 22-27  дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 5-10  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.       Шамол аз самти шарқ бо суръати   2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4-9  ва  рӯзона 18-23 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард шуда,  рӯзона 7-12  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11  ва рӯзона 21-26  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  1-6  ва   рӯзона 13-18 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои камабри бебориш  мешавад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 2-7 ва рўзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм ва дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа сард  мешавад.  Рўзона ҳаво  5-10 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 4-6  ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.

Март 15, 2019 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд