ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориши тағийрёбанда дар назар аст

Март 22, 2019 08:48

ДУШАНБЕ, 22.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориши тағийрёбанда дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1-6 ва рӯзона +7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 12- 17 ва рӯзона -2+3, дар баъзе ноҳияҳо то 1-6 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 то 11 дараҷа ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона -4+1 дараҷа ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйрёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7 дараҷа ва рӯзона 3+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа то 7 дараҷа гарм шуда, рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона -3+2 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 дараҷа ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.

Март 22, 2019 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе