Ғолибони «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 15.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 марти соли равон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид. Баъди ду рӯзи сабқат ғолибони «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян шуда, донишҷӯи курси чоруми факултети механика ва математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Файзулло Исматов Шоҳҷоизаи олимпиадаро ба даст овард.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино ва донишҷўёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо ба даст овардани дипломҳои зиёд сазовори ҷойҳои намоён гардида, «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро соҳиб шуданд. Ғолибони олимпиада имконият ба даст оварданд, ки соҳиби имтиёз дар намуди дохил шудан ба зинаҳои магистратура ва докторантура PhD гарданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани тафаккури илмию техникии наврасон ва ҷавонон, ҳамчунин дарёфти ҷавонони боистеъдод дар соҳаи илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ Академияи илмҳо ҳамасола дар арафаи иди Наврӯз олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриро барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир менамояд.
«Масъалаи рушди минбаъдаи илми ватанӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар рушди устувори ҷомеа нақши калидӣ дорад. Ҷалби ҳарчи бештари мутахассисони ҷавон ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ба соҳаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ, инчунин омода кардани олимони ҷавон дар ин соҳа низ дар Паёми Роҳбари давлат аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардид. Бо баргузор намудани чунин олимпиадаҳо Академияи илмҳо тасмим гирифтааст, ки ба ҳамин восита ҷавононро бештар ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва илми муосири ватанӣ ҷалб намояд»,-иброз намуд академик Фарҳод Раҳимӣ.
Сардори Раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, академик Мӯсо Диноршоев ва дигарон низ дар бораи дастгириҳои Ҳукумату давлат барои рушди илми тоҷик изҳори андеша намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки барои омӯхтани илми муосир талош варзанд. Зеро сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад. Дар шароити имрӯза, ки компютерҳо ҷараёнҳои технологиро идора мекунанд, доштани дониши мукаммал хеле зарур аст.
Соли шашум аст, ки миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар олимпиада барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Бино ба иттилои масъулин, вобаста ба беҳтар гардидани шароиту имкониятҳои таҳсил сол то сол шумораи иштирокдорони олимпиада афзоиш меёбад. Барои мисол, дар сабқати имсола қариб 300 нафар донишҷӯ иштирок намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 50 нафар зиёд мебошад.
Соли равон ба унвони Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иштирок дар даври ниҳоии олимпиада аз ҷониби 27 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дархостҳо пешниҳод гардиданд. Олимпиада аз рӯи 13 соҳаи илм гузаронида шуд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






