ҶОМИ ФФТ-2019: кӣ соҳиби он мешавад — «Кӯктош» ё «Истиқлол»?

Март 4, 2019 08:23

ДУШАНБЕ, 04.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Варзишгоҳи маркази шаҳри Ҳисор бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2019 байни дастаҳои «Кӯктош» (ноҳияи Рӯдакӣ) ва «Истиқлол»(Душанбе) баргузор мешавад.

Дар бозии якуми ниманиҳоии Ҷоми ФФТ-2019 дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ 3 март дар нимаи аввали рӯз бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз шуд.  Дар бозии дуюми ниманиҳоӣ, ки нимаи дуюми дирӯз доир гашт, «Истиқлол» дастаи «Душанбе-83»-ро бо ҳисоби калони 5:0 мағлуб намуд.

Вохӯрӣ барои ҷои сеюм нимаи аввали рӯзи 5 март барпо мегардад. Дар он дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Душанбе-83» ба майдон мебароянд.  Нимаи дуюми ҳамон рӯз ҳаводорони футбол шоҳиди бозии ниҳоӣ (финалӣ) байни дастаҳои «Кӯктош» ва «Истиқлол» хоҳанд гардид. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мешавад. Оғози вохӯрӣ – соати 14:00.

Хотиррасон мешавем, ки «Истиқлол» дар вохӯрии чаҳорякфиналӣ бар дастаи «Кӯктош» бо ҳисоби 2:1 зафар ёфта буд.

ДАР АКС: бозингарони дастаи «Кӯктош» баъди ба ҳадаф расонидани тӯб дар бозӣ бо «Регар-ТадАЗ».

Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (Ҷоми ФФТ)   — мусобиқаи бонуфузи футбол дар мамлакат аст, ки онро   Федератсияи футболи Тоҷикистон аз соли 2012 инҷониб  баргузор менамояд.  Қаблан он мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол ба хотираи Рустам Долтабоев ном дошт.  Ҷоми ФФТ аз рӯи анъана ҳар сол дар моҳҳои январ-март, дар арафаи Чемпионати Тоҷикистон  доир карда мешавад.

Дар муддати шаш сол дастаи «Истиқлол» аз ҳама бештар – чаҳор маротиба (солҳои 2014, 2015, 2017, 2018)  ба гирифтани  Ҷоми ФФТ  шарафёб шудааст. «Регар-ТадАЗ» ду маротиба (солҳои 2012 ва 2016) ва як маротиба дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат  (соли 2013 ) ғолиби ин мусобиқа гардидаанд.

Март 4, 2019 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад