«ОЯНДАРО БИДУНИ ТЕРРОРИЗМ МЕСОЗЕМ!». Дар Фарғона Фестивали байналмилалии ҷавонони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 12.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Фарғона дар ин рӯзҳо Фестивали байналмилалии ҷавонон, ки аз ҷониби ҳокимияти вилояти мазкур таҳти унвони «Ояндаро бидуни терроризм месозем!» ташкил карда шудааст, ҷараён дорад. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар Фестивал ҷавонон аз вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангони Ӯзбекистон, аз вилояти Суғди Тоҷикистон ва аз вилоятҳои Ӯш, Ботканд ва Ҷалолободи Қирғизистон ширкат доранд.
Маросими ифтитоҳи фестивали мазкур дар Маркази соҳибкорон «Тадбиркорлар маркази»-и Фарғона баргузор гардид.
Иштирокдорони фестивал пас аз бақайдгирӣ ва гирифтани туҳфаҳои хотиравӣ аз ҳокимияти вилоят дар толори маҷлисгоҳ ҷамъ омаданд.
Намояндагони ҳайатҳои вилоятҳои ҳамсояи Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо қарсакхои гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд.
Дар маросими ифтитоҳ ҳокими вилояти Фарғона, узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Ғаниев, муовини аввали Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Алишер Сайдуллоев, муовини Вазири тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ойбек Қосимов, муовини раиси вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳоваддин Баҳодурзода, муовини аввали раиси вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон Бажит Юсупов, намояндагони вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон Чинор Сатторова, вилояти Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғизистон Асел Сансизбоев ва мудири котиботи ҳокимияти вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анварҷон Тӯйчиев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки худи шиори фестивал бозгӯкунандаи ҳадафи он мебошад. Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро таърих ва фарҳанги муштарак, ягонагии арзишҳои маънавӣ, ҷидду ҷаҳд ба сулҳ ва ризоият ба ҳам алоқаманд мекунанд. Анъанаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми мутақобилаи тарафайн заминаи устувори ҳамкорӣ мебошанд.
Кишварҳои мо дар таҳкими ҳамгироии байнидавлатӣ дар самти таъмини амнияту субот ва мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ манфиати ҳамсон доранд.
Ҷавонон бояд дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ неруи пешбаранда бошанд, ба ин ва дигар зуҳуроти номатлуб «не» бигӯянд ва ояндаи худро бидуни онҳо бисозанд. Чорабиниҳои Фестивал ба муҳокимаи масоили муҳим бахшида шудаанд, ки ба таҳкими ҳамкории дуҷониба ҳам дар самти пешгирии ифротгароӣ ва терроризм ва ҳам дар самти робитаҳои мутақобилаи маънавӣ, маорифпарварӣ ва фарҳангӣ мусоидат хоҳанд кард.
Дирӯз, 11 март дар варзишгоҳи 20-ҳазораи «Истиқлол»-и Фарғона, ки аз намояндагони ҷавони се кишвари бародар – Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон пур гардида буд, бахшида ба Фестивали байналмилалии ҷавонон «Ояндаро бидуни терроризм месозем!» консерти калон баргузор гардид.
Консертро муовини аввали ҳокими вилояти Фарғона Акмалхон Ортиқов ифтитоҳ бахшида, ҷавононро даъват намуд, ки барои бунёди ояндаи тинҷу ором ва осудаи худ бидуни терроризм ва ифротгароӣ тамоми неруяшонро ба харҷ диҳанд. Дар консерт ситораҳои эстрадаи ӯзбек баромад намуда, хотири ҳозиринро болида гардониданд.
Аксҳои Ҷаҳонгир МИРЗОМАТОВ

















Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид






