Озмуни «Духтари ҳунарманд» бо пирӯзии кадбонуҳои ҷавони ноҳияи Роштқалъа ба поён расид

Март 6, 2019 15:47

ХОРУҒ, 06.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи  нақшаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар дар ҷамоату шаҳракҳои  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми як моҳ озмуни «Ҷавондухтарони ҳунарманд» идома ёфт.

Чанде пеш даври вилоятии озмун дар толори Кохи ҷавонони шаҳри Хоруғ баргузор гардид.  Духтарон аз рӯи шартҳои зерин: саломнома, суруди алла, парпеч намудан ва дар гаҳвора бастани кӯдак, омода кардани хӯроки миллӣ ва ҳунарҳои дигари мардумӣ байни ҳам рақобат намуданд.

Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ  Чоршанбиев гуфт, ки «дар натиҷаи баргузор кардани чунин озмуну фестивалҳои фарҳангӣ даҳҳо намуди таомҳои миллӣ аз нав эҳё гардида, дар рӯи дастурхони мардум боз намудҳои нави таом пайдо шуданд. Дар гузашта дар аксарияти озмуну фестивалҳо занони ҳунарманд ба ҷавондухтарон кумак менамуданд, аммо ҳоло худи духтарон мустақилона ҳам таомҳои миллию маҳаллӣ мепазанд ва ҳам кӯдаконро дар гаҳвора меандозанду барояшон алла мегӯянд».

Ҳоло шумораи қаҳвахонаҳое, ки таомҳои миллӣ ва маҳаллӣ пухта, ба сокинони шаҳр, сайёҳон ва меҳмонон пешниҳод мекунанд, аз ҳисоби ҷавондухтарон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ҳатто мизоҷони ҷавон  баъди истеъмоли хӯроки ин қаҳвахонаҳо мегӯянд, ки ҳарчанд дар бораи фоидаву таъми ширини таомҳо аз забони бузургсолон суханони зиёд шунидаанд, аммо бори аввал аст, ки  маззаашонро чашиданд. Бартарии таомҳои миллию маҳаллӣ нисбат ба дигар таому хӯришҳои ҳозиразамон он аст, ки дар таркибашон иловагиҳои кимиёӣ вуҷуд надоранд.

Сардори Раёсати ҷавон ва варзиши вилоят гуфт, ки яке аз дигар ҳадафи аслии ин озмун ба зиндагии мустақилона омода кардани ҷавондухтарон мебошад. Ҳар духтар бояд донад, ки баъди издивоҷ соҳиби хонаву кошона мешавад ва баъди чанд муддат рӯзгори хонаро бар дӯши ӯ мегузоранд.

Дар озмун ҷавондухтарон аз ноҳияи Роштқалъа соҳиби мақоми аввал гардиданд. Духтарони ҳунарманд аз ноҳияҳои Шуғнон ҷои дуюм ва Мурғоб ҷои сеюмро гирифтанд.

Март 6, 2019 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид