Озмуни «Сайри гули лола» Душанберо гулафшон кард

Март 28, 2019 10:40

ДУШАНБЕ, 28.03.19./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, алҳол дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе  озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» идома дошта, он  дар сатҳи ноҳиявӣ  ҷамъбаст гардид. Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо  натиҷаи озмун, ки аз тарафи гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ  пешниҳод гардидаанд, шинос шуда,  аввали моҳи апрели соли 2019 онро  ҷамъбаст менамояд. Тибқи муқаррароти озмун, натиҷаҳои  он  ба гурӯҳи кории ҷумҳуриявии озмун пешниҳод  мешаванд.

Тавре сардори шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Шералӣ Раҳмонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, гурӯҳи мазкур аз беҳтарин композитсия, дизайни ҷолиби гулзор ва сифати корҳои иҷрошуда  дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ дар се ноҳияи пойтахт — Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур дидан намуда, алҳол бо ин мақсад дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қарор дорад.

«Ин озмун бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ҷиҳати  вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 25 феврали соли 2019  роҳандозӣ мегардад», — афзуд Ш.Раҳмонов.

Хотиррасон менамоем, ки аз ҷониби гурӯҳи кории шаҳрӣ ғолибони озмуни пойтахт барои ҷойҳои якум бо «Дипломи дараҷаи 1», дуюм «Дипломи дараҷаи 2» ва сеюм  «Дипломи дараҷаи 3» сарфароз гардонида  мешаванд.

Мояи фараҳмандист, ки дар натиҷаи  баргузории озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» Душанбеи дилрабо  ба шаҳри гулафшон табдил меёбад.

              Рухсораи НУР,
             АМИТ «Ховар»

Март 28, 2019 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид