Парлумон Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории ҳарбӣ-техникиро тасдиқ намуд

Март 6, 2019 14:23

ДУШАНБЕ, 06.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории ҳарбӣ-техникиро баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, масъалаи мазкур имрӯз зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон,  даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, вакилони мардумӣ инчунин Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» оид ба таҷдид, рушд, сохтмон, ба истифода додан ва фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, хокаю шираи нишоиста ва маҳсулоти ордӣ ва Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмўӣ барои модар ва кўдак»-ро низ баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

Созишномаҳоро ба вакилони мардумӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода, муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Назарзода, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, вакилон Дилрабо Мансурӣ,  Анвар Тағоймуродов, Зайнудин Сафаров, Ҳилолбӣ Қурбонзода шарҳ дода,  ба тасвиб расониданд.

Ёдовар мешавем, ки вакилони мардумӣ дар иҷлосия Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани ризоият барои аз вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зариф Ализода ва Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани ризоият барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Умед Бобозодаро ҷонибдорӣ намуданд.

Март 6, 2019 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд