Рӯзихон Раҳмонова: «Хурсандем, ки садҳо шогирдон аз мо пухтани хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла суманакро ёд гирифтаанд»

Март 22, 2019 10:45

ДУШАНБЕ, 22.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Суманак  рамзи  баҳор буда,  ғизои махсусест, ки танҳо ба ҷашни Наврӯз алоқамандӣ дорад. Суманакро занони солдида дар минтақаҳои Ҳисору Рашт ва Суғду Хатлону Бадахшон бо тарзҳои гуногун тайёр менамоянд.

Сокини шаҳри Турсунзода Рӯзихон Раҳмонова мегӯяд, ки «мо, занони тоҷику ӯзбеки Турсунзодашаҳр барои пухтани суманак гандумро тоза карда, дар оби хунук мешӯем ва сипас дар як зарф се рӯз тар карда, нигоҳ медорем. Баъди неш задани гандум онро ба рӯи тахтаи тоза ё табақҳои чӯбин рехта, дар ҷои соя мегузорем ва то сабзидан ҳар пагоҳӣ об мепошем. Тақрибан баъди 3 — 4 рӯзи  сабзидани гандум майсаи онро қима карда, ё дар зарфҳои махсус кӯфта, аз болояш об мерезем. Сипас се маротиба аз дока фишурда, шираашро дар зарфҳои алоҳида гирифта, нигоҳ медорем. Баъдан шираи сабзаи гандумро дар дег рехта, дар оташи баланд меҷӯшонем».

Холаи Рӯзихон гуфт, ки «ба ҳайси мураббӣ дар Хонаи кӯдакони ятими шаҳри Турсунзода фаъолият дорам ва ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз барои хурсандии ятимон дар ин даргоҳ мо суманак мепазем. Дар маросими суманакпазии мо дар интернат  чанд нафар занони ботаҷриба ва духтаракони ятим гирд омада, бо нияти нек ва дуову орзуҳо деги суманакро оташ мегиронем.
Як анъанаи муҳими минтақаи мо дар суманакпазӣ ҳамин аст, ки бо навбат  дегро кофта, барои пешгирии насӯхтани дег 7 санча  ба даруни дег мепартоем ва пас аз тайёр шудани суманак ин сангчаҳо дар косаи кадом нафаре омад, онро бо нияти нек дар ҷойи пок нигоҳ медорад».  

Рӯзихон Раҳмонова иброз медорад, ки аз солхӯрдагон шунидаем, ки суманак ғизои покон буда, бо чашиданаш орзуву ормони инсон мешиканад. Аз ин рӯ мо кӯшиш менамоем, ки таги деги суманак насӯзад, чунки бо сӯхтани суманак таркибаш вайрон мешавад ва бӯйи нофорам паҳн мегардад. Ҳамчунин ҳезуми суманакро қаблан омода менамоем.

Рӯзихон зикр намуд, ки «мо, занони таҷрибадор аз он хурсандем, ки садҳо шогирдони муассиса аз мо   пухтани хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла суманакро ёд гирифта, ба насли ояндаи миллат мерасонанд. Ба ин восита хӯрокҳои миллӣ аз байн намераванду таърихи ниёгони мо ҳамеша зинда мемонад».

Дар шаҳри Турсунзода, ки  ду миллати бо ҳам дӯсту бародар зиндагӣ менамоянд, суманаки дегиро  якҷоя бо хешону ҳамсоягон дар дегҳои калон 24 соат мепазанд ва дар гирди деги суманак рақсу бозӣ ва сурудхонӣ мекунанд. Дар ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ғайр аз суманак хӯроки якум шир, нони навпухташударо истифода мебаранд, зеро ин хӯрокҳо рамзи «хубӣ» ва «хушӣ» доранд.  Инчунин дар ҷашни Наврӯз дар ин минтақа дар баробари пухтани суманак гандумкӯча ё кӯча, самбӯса бо пудина ва ҷағ-ҷағ, ғӯлингоб аз қадим    мерос мондааст.

Субҳониддини МАҲМУД,
 АМИТ «Ховар»

Март 22, 2019 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд