Раиси палатаи поёнии Парлумони Япония робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистонро бо кишвари худ қаноатманд арзёбӣ кард

Март 6, 2019 10:25

ДУШАНБЕ, 06.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  5 марти соли равон ҳайати Парлумони Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ ба Япония бо Раиси палатаи поёнии Парлумони ин кишвар Тадаморӣ Ошима, намояндагони Вазорати муҳити зист, Агентии сайёҳии Вазорати замин, зерсохтор, нақлиёт ва туризм, инчунин Вазорати корҳои хориҷии ин мамлакат мулоқот намуд.

Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, гуфт: «Тадаморӣ Ошима аз вазъи кунунии ҳамкории байнипарлумони Тоҷикистону Япония изҳори қаноатмандӣ намуда, сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ба кишвараш дар тавсеаи равобит ва таҳкими дӯстии парламентҳо ва мардумони ду мамлакат муҳим арзиёбӣ намуд».

Ба иттилои манбаъ, роҳбари ҳайати Парлумони Тоҷикистон Олим Салимзода таъсиси марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, аз ҷумла Маркази Япония оид ба рушди инсонӣ дар Тоҷикистонро муҳим ва  дарёфти қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистонро мувофиқи мақсад шуморид.

Ҷонибҳо оид ба фаъолият ва нақшаву стратегияҳои сохторҳои давлатии Япония дар самти туризм мубодилаи афкор намуда, хоҳони тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт гардиданд.

Инчунин дар ин рӯз ҳайати Парлумони Тоҷикистон  бо доираи васеи ҳамватанон, ки дар Япония ба кор, таҳсил ва дарёфти унвонҳои илмӣ машғуланд, суҳбат анҷом дод.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати Парлумони Тоҷикистон  раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония —раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Абдуғаффор Раҳмонзода, Ҳоким Холиқзода, Гулбаҳор Назирӣ ва Гулбаҳор Ашурзода шомиланд.

Март 6, 2019 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон