Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ҳавасмандкунии занону бонувони пойтахт зиёда аз 3 миллион сомонӣ маблағ ҷудо намуд

Март 6, 2019 19:30

ДУШАНБЕ, 06.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи анъанаҳои шаҳрдорӣ бахшида ба Рӯзи модар ва Иди байналмилалии Наврӯз ба занону бонувоне, ки дар тозагию ободонии пойтахт саҳм доранд, туҳфаи яквақтаинаи молӣ ҷудо намуд.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин хусус қарори Раиси шаҳр ба тасвиб расида, тибқи он Сарраёсати  молияи шаҳри Душанбе ба андозаи 3 миллиону 82 ҳазор  сомонӣ маблағ ҷудо менамояд.

«Мақсад аз ин иқдом ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ — фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад», — илова намуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки дар асоси қарори мазкур муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои пойтахт муваззаф гардидаанд то 7 марти соли равон ҷиҳати дар фазои тантанавӣ дастрас гардонидани маблағҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Март 6, 2019 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид