Роҳи сатҳи ҷумҳуриявии Рӯшон-Бартанг бинобар сабаби афтодани кӯҳпораи азим муваққатан баста шуд

Март 16, 2019 10:58

ДУШАНБЕ, 16.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Тӯли як ҳафта аст, ки роҳи сатҳи ҷумҳуриявии Рӯшон-Бартанг бинобар сабаби афтодани кӯҳпораи азим дар километри 32-юми ин ҷода баста шуда, рафтуомади нақлиётӣ банд гардид.

Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноҳияи Рӯшон ва дигар минтақаҳои вилоят, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқулода маводи сӯзишворӣ алакай дастрас карда шуд.

Роҳсозон дар ин қисмати роҳ ба таври шабонарӯзӣ заҳмат кашида, бо дастгирии масъулини Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати пайвастаи  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта мекӯшанд, ки ин ҷодаро дар кӯтоҳтарин муддат боз созанд.

Тибқи ҳисобҳои пешакии мутахассисони Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ВМКБ ҳаҷми кӯҳпора баробар ба 6,5 ҳазор метри  куббиро ташкил медиҳад, ки барои роҳсозон мушкилоти зиёдро эҷод кард. Дар баробари банд кардани роҳи мошингард сангҳои бузург болои дарёи Бартанг рехта дар суръати баланд шудани сатҳи оби дарёи мазкур дар фасли тобистон эҳтимоли шуста шудани ин масир ба миён ояд.

Мавриди зикр аст, ки роҳи водии Бартанг яке аз ҷодаҳои мушкилгузар ва хатарзо  ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар фаслҳои зимистону тобистон боиси банд шудани ин ҷода дар ҳудуди вилоят мегардад. Аз маркази ноҳияи Рӯшон то дурдастарин ҷамоати деҳоти номбурда наздик ба 200 километр роҳ мавҷуд аст, ки дар фаслҳои сол бинобар сабаби боришоти зиёди барфу борон ин қисмати роҳ муддати тӯлонӣ баста мемонад.

Бо супориши раиси ВМКБ Ёдгор Файзов гуруҳи корӣ аз ҳисоби масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуда, аз ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табии аз наздик шинос гардиданд.

Дар маҳалли ҳодиса  панҷ техникаи пуриқтидори роҳсозӣ аз ду тарафи роҳ ба тоза кардани ин роҳ масруфи кор мебошанд. Бинобар сабаби ҳаҷман калон будани кӯҳпора, корҳои пармагарию таркишӣ бо суръат идома дошта, баъди гузаронидани корҳои таркишӣ роҳсозон ба тоза кардани он машғул мешаванд. Зеро аҳолии 8 ҳазор нафари ҷамоатҳои деҳоти Бартанг, Савноб, Басиди ноҳияи Рӯшон тавассути ин роҳ молу колои худро аз маркази ноҳияи Рӯшон ба макони зисти худ интиқол медиҳанд, ки дар суръати тул кашидани корҳои роҳсозӣ мушкилоти сокинон боз ҳам бештар хоҳад шуд. Бошандагони ин водии касногузари вилояти Бадахшон аслан ба чорводорӣ машғул буда, аз ин ҳисоб сатҳи зиндагии худро пеш мебаранд. Ҷидду ҷаҳди пайвастаи роҳсозон бар он нигаронида шудааст, ки то ҷашни Наврӯзи аҷам рафту омади сокинони ин водиро таъмин  намоянд.

Март 16, 2019 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст