Тақдими туҳфаҳо ба 100 нафар ятими кулл ва супоридани калиди хонаҳои истиқоматӣ ба 10 нафар эҳтиёҷмандону камбизоатон дар шаҳри Хуҷанд

Март 30, 2019 12:22

ДУШАНБЕ, 30.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 100 нафар ятими кулл, ки таълимгирандагону донишҷӯёни муассисаҳои миёнаву олии шаҳри Хуҷанд мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин табақаи ҷомеаро, ки бо амри тақдир аз меҳру муҳаббати оила маҳруманд, бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод гуфта, онҳоро ба хониши хубу аъло, ахлоқи ҳамида ва рафтори намунавӣ ҳидоят намуданд.

Қобили зикр аст, ки туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат аз сару либоси мавсимӣ, аз ҷумла шиму кастюм, ҷӯробу пойафзол, курта ва шириниҳои гуногуни наврӯзӣ иборат буданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз ба хотири шодию нишоти ятимон дастурхони идона ороста шуда, ба ҳар яки онҳо аз ҷониби Пешвои миллат маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд. Бино ба иттилои оморӣ, то имрӯз дар вилояти Суғд 467 нафар ятими кулл ба қайд гирифта шудаанд, ки зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор доранд ва барои онҳо шароити муосири таълимиву илмомӯзӣ муҳайё гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандону оилаҳои камбизоат аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ба ҳисоб меравад ва хушбахтона, ин амали хайру савоб дар Тоҷикистон, махсусан ҳангоми ҷашну маросимҳои миллию давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Пайравии амиқи доираҳои соҳибкориву тиҷоратӣ ва шахсони саховатманд аз сиёсати башардӯстонаи Роҳбари давлат тавонистааст, ки сатҳу сифати зиндагии қишрҳои эҳтиёҷманди мамлакатро хеле беҳтар намояд.

Дар ҳамин росто ҳамчунин аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 10 оилаи камбизоати шаҳри Хуҷанд хонаҳои истиқоматӣ туҳфа карда шуд. Хонаҳои истиқоматӣ аз 2 ва 3 ҳуҷра иборат буда, дар онҳо тамоми шароити зисту зиндагонӣ фароҳам гардидааст.

Туҳфаи арзишманди Пешвои миллат барои аксари ин оилаҳо ғайриинтизор буд ва онҳо ин иқдоми Роҳбари давлатро амали ҷавонмардона ва башардӯстона арзёбӣ карданд.

Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин табақаи ҷомеа ҳамеша ғамхорӣ зоҳир мекунад. Аз ҷумла, дар баробари бартараф кардани мушкилоти иҷтимоии қишрҳои осебпазири ҷомеа, сол то сол сатҳу сифати ҷалби фарзандони чунин оилаҳо ба омӯзиши илм ва касбу ҳунар беҳтар мешавад.  Ятимону бепарасторони шаҳри Хуҷанд барои дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо баҳои хубу аъло мехонанд ва дар пешрафти ҷомеа саҳми худро мегузоранд.
Тақдими туҳфаҳо ба 100 нафар ятими кулл ва супоридани калиди хонаҳои истиқоматӣ ба 10 нафар эҳтиёҷмандону камбизоатон дар шаҳри Хуҷанд 30.03.2019

Март 30, 2019 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон