Самбочиёни тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон ду медали биринҷӣ ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 25.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 22-23 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев баргузор шуд, ки варзишгарони шинохати тоҷик сазовори ду медали биринҷӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо-2018 Хушқадам Хусравов дар вазни-62кг бар варзишгарони Нидерланд (Нияк Ланеӣеретс), Эстония (Вадим Фомин) дастболо шуда, сипас аз варзишгари мизбон Владимир Березовский, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд. Хушқадам баъдан барои ҷои сеюм намояндаи Муғулистон Унуболд Лҳагваҷамтсро шикаст дод. Варзишгари дигари тоҷик Бахтовар Абдуллоев дар вазни-100кг, равияи самбои размӣ низ сазовори медали биринҷӣ шуд. Ду намояндаи дигари тоҷик Файзиддин Абдуллоев дар самбо, вазни-90кг ва Сорбон Латипов дар самбои размӣ, вазни-62кг аз медалҳо бенасиб монданд.
Ёдовар мешавем,ки дар мусобиқаи мазкур, 250 варзишгар аз 33 давлат иштирок намуданд.








Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард






