Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии ёрирасони ҶДММ Осоишгоҳи «Баҳористон» шинос шуданд

Март 31, 2019 17:46

ДУШАНБЕ, 31.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 31 марти соли 2019 дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти коргарони Хоҷагии ёрирасони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуданд.

Масоҳати умумии заминҳои хоҷагии ёрирасон 4 гектарро ташкил дода, дар он коргарон ба чорводорӣ, паррандапарварӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ ва гулпарварӣ машғуланд.

Дар фермаи хурди хоҷагӣ говҳои ширдеҳ, мурғи тухмдиҳанда, ҷуҷаи бройлерӣ барои гушт ва харгуш нигоҳ дошта мешавад.

Дар гармхонаҳо бошад, ниҳолҳои лиму, сабзавот ва гулҳои мавсимии гуногун парвариш меёбад. Гулҳои мухталифи ороишӣ барои тозагии муҳити атроф ва сабзу хуррам гардонидани кӯчаю хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе парвариш карда мешавад.

Бо насби технологияи муосири коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии ёрирасони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Осоишгоҳи “Баҳористон” консерваҳои гуногуни сабзавот, афшураи меваҷот, шириниҳо, шир, ҷурғот, панир ва қаймоқ истеҳсол карда мешавад.

Дар ҳудуди хоҷагӣ ба Сарвари давлат ҳамаи маводи ғизоии дар хоҷагии ёрирасони осоишгоҳ истеҳсолшаванда муаррифӣ гардид.

Тавре маълум шуд, барои ба истироҳаткунандагон пешкаш кардани ғизои солим ва босифату хуштамъи табиӣ маводи ниёзи аввал дар худи хоҷагии ёрирасон тайёр карда мешавад.

Саҳми Осоишгоҳи “Баҳористон” дар солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳамчун иншооти муосир ва муаррификунандаи санъату маданияти баланди меҳмондорию меҳмоннавозии тоҷикона хеле назаррас аст.

Тавре роҳбарияти Осоишгоҳи “Баҳористон” иттилоъ доданд, солҳои охир шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ, ки барои истироҳату табобат ин ҷойро интихоб кардаанд, ру ба афзоиш мебошад.

Роҳбарияти осоишгоҳ барои боз ҳам зебову дилкаш кардан ва баҳри ҷалби ҳарчи бештари мизоҷон аз тамоми имкониятҳо ва табиати дилфиреби ин мавзеъ самаранок истифода мебаранд.

Кормандони осоишгоҳ давоми фаъолияти пурсамар ҳамчунин аз ҳисоби даромади софи худ ба дигар корҳои ободонӣ, ҷароғонкунӣ, шинонидани гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ ин мавзеъро ба як баҳористони ҳақиқӣ табдил додаанд.

Мавриди зикр аст, ки Осоишгоҳи “Баҳористон” соли 2011 бо дастури бевоситаи Сарвари давлат бунёд шуда, имрӯз ба як макони сайру саёҳат ва истироҳату табобати мардум табдил ёфтааст.

Баъди шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти осоишгоҳ барои иҷрои корҳои ободонӣ баҳои арзанда дода, онҳоро ба идомаи ин тадбирҳои нек ҳидоят карданд.

Шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии ёрирасони ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” 31.03.2019

Март 31, 2019 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд