Шоҳҷоизаи «Ҷоми пойтахт-2019» насиби Саидҷалол Саидов гардид

Март 25, 2019 09:54

ДУШАНБЕ, 25.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба  ифтихори  ҷашни  байналмилалии Наврӯз 24 март  бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муасиссаи давлатии Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе  бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар ҳаводорону мухлисони ин навъи варзиш ва бо намоиши беҳтарин рақобатҳо миёни паҳлавононӣ маъруфи мамлакат чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт – 2019» баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад, дар оғози чемпионат раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода  ва муовини раиси шаҳри Душанбе Фаррух Ҷумазода   варзишгарон ва ҳаводорони ин навъи варзишро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, ба иштирокчиёни чемпионат барору комёбӣ таманно намуданд.

Дар чемпионат зиёда аз 180 нафар варзишгарон   аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат варзида, дар охир ғолибон бо  диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Мусобиқа рӯзҳои  23 ва 24 март сурат гирифта,  пас аз талошу рақобатҳои дурӯза дар вазни 80 кг мақоми аввал насиби Садр Боев, мақоми дуюм насиби Эраҷ Абдуллоев ва мақоми сеюм насиби Ҳақназар Назаров гардид. Дар вазни 90 кг бошад  ҷои  аввалро Эмомалӣ Камолов,  ҷои дуюмро Меҳрубон Идрисов ва мақоми сеюмро   Бежан Боқиев соҳиб шуданд. Дар вазни 100 кг  Саидҷалол Саидов ба гирифтани ҷойи аввал, Фирдавс Насимов — ҷойи дуюм   ва Шарифҷон Назриев ба гирифтани ҷойи сеюм     шарафёб шуданд.

Ҳамин тариқ, дар вазни  +100 кг рақобатҳои ҷолибу диданӣ ба вуқуъ пайваста, мақоми аввалро Одил Сафаров, мақоми дуюмро Абубакр Раҳмонов ва мақоми сеюмро Шоҳрух Амирхонов соҳиб шуданд.

Барои ғолиби мутлақи чемпионати мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрави «Мерседес-бенс»  ҷудо карда буд, ки онро варзишгари маъруфи кишвар  Саидҷалол Саидов соҳиб гардид.

Дар вазни мутлақ Фирдавс Насимов сазвори ҷойи дуюм гардида, ҷойи сеюм насиби Шарифҷон Назриев гардид.

Март 25, 2019 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд