Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Нурсултон Назарбоев

Март 20, 2019 18:40

ДУШАНБЕ, 20.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  Нурсултон Назарбоев, ки аз мансаби Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба истеъфо рафт, суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли самимият сипоси хешро ба Нурсултон Назарбоев барои ҳамкории самараноки чандинсола иброз намуда, аз он изҳори қаноатмандӣ карданд, ки пешвои Қазоқистон фаъолияти созандаи худро дар арсаи сиёсат ба нафъи мардуми бародари Қазоқистон ва тамоми минақа идома хоҳад дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон саҳми Нурсултон Назарбоевро дар раванди ба роҳ мондану густариш додани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон баланд арзёбӣ намуданд.

“Ба туфайли сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Шумо муносибатҳои байнидавлатии мо ҳамеша дар ҷараёни рушди босуръат қарор доштанд ва хурсандибахш аст, ки ҳамкориҳои мо имрӯз ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд”,-таъкид карданд Президенти Тоҷикистон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ин ҷонибро ҷиҳати идомаи ҳамкории минбаъда бо ӯ дар чунин рӯҳияи созандагӣ иброз доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин қайд намуданд, ки аз дидори Нурсултон Назарбоев — дӯсти боэътимоду бародари худ — дар Тоҷикистон ҳамеша хушнуд хоҳанд буд.

Март 20, 2019 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»