Тантанаҳои Наврӯзӣ дар Шарқи Дур

Март 23, 2019 13:56

ДУШАНБЕ, 23.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тантанаҳои наврузӣ дар тамоми   вилоятҳо ва шаҳрҳои  Федератсияи Россия аз  ҷониби ҳамватанонамон чун иди аҷдодӣ ва ҷашни баҳор сулҳу сафо бо шукуҳу шаҳомат, бо эҳсоси ифтихор ва шукргузорӣ аз ободиҳои Ватан бо ҳама рукнҳояш таҷлил гардида истодааст,  навиштааст  имрӯз хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар ФР Садбарги БОҚӢ.

Гуфта мешавад, ки ҳарчанд  ҳавои Шарқи Дур, Сибир ва Тотористон сард аст, вале аз қалбҳои гарму чеҳраҳои пурнури  ҳамватанонамон базмгоҳҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз  рангину мусаффо   гардидаст. Мардум  ба дастурхони идона, ба шукуҳу зебоии манзараҳои наврузӣ, ба Наврузу баҳори зебо нигариста, бори дигар итминони комил пайдо мекунанд, ки Наврӯз иди сирф  ориёӣ ва ватани аслии Наврӯз Тоҷикистони сар ба домони гардун ва кишвари афсонаҳо мебошад.

Имрӯз дар кишвари Хабаровск бо ибтикори Ҷамъияти «Тоҷикони Шарқи Дур»  таҳти сарварии боуни фаъоли тоҷик Моҳтоб Ғафурова Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо  ҳама суннатҳояш, бо ширкати васеи меҳмонон  аз ҳайати Ҳукумати минтақаи Шарқи Дур ва доираи васеи намояндагони миллату халқиятҳои гуногун  баргузор  гардида истодааст. Дар ҷараёни ин чорабинии идона   шеърхонӣ, намоиши дастурхони наврузӣ ва таронаҳои ноби тоҷикона пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд. Дар ин лаҳзаҳо  бошад, базми наврузӣ   дар толори барҳавои  «Хонаи Дустии  Халқҳо»-и Хабаровск идома дорад.

Дар шаҳри Новокузнетск ҳам Наврӯзи оламафрӯз бо иштироки васеи меҳмонону ҳамватанони бурунмарзӣ таи ду рӯз боз хеле шукуҳманд таҷлил гарида истодааст. Ба ин муносибат дар майдони варзишии шаҳри Новокузнетск мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили гуштингирӣ ва бандкашӣ сурат гирифт. Бо ташаббуси кадбонуҳои соҳибҳунари тоҷик дар 7 деги калон таомҳои миллӣ, ки дар фасли баҳор омода мешаванд, таҳия гардид. Аз ҷумла, тамъу лаззати суманак ва оши бурида меҳмононро бештар писанд омад.

Садои суруд мусиқӣ ва намоиши сару либосҳои миллии тоҷикона гӯшаи дигари базмгоҳи наврӯзиро зиннати хос мебахшид. Тавре раиси Ҷамияти тоҷикони Новокузнетск «Дӯстии миллати тоҷику рус» Шавкатҷон Тоҳиров дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд: «Мо ҳамасола дар баробари дигар идҳои миллӣ кӯшиш мекунем бо таҷлили ҷашни сарсабзию сулҳофарӣ Наврӯзи хуҷастапай, ки ҳамакнун дар саросари ҷаҳон истиқбол гирифта мешавад, ба оламиён нишон диҳем, ки миллати мо аз қадим миллати ободкор, ботамаддун ва дорои анъанаҳои наҷибест, ки ҳамаи онҳо ба хушию саодати инсонҳо нигаронида шудаанд».

Дар фарҷом ба ғолибони мусобиқаи гуштини миллии тоҷикӣ, ба онҳое, ки дар васфи баҳору Наврӯз шеърҳои хуб қироат карданд, ба бонувоне, ки таомҳои лазизи наврузӣ, нонҳои гирдачаву чаппотӣ, кулчаҳои ҷаззадору оши бурида, фатирмаска, умоч, далда, самбусаҳои танурию дегӣ ва ғайра омода карданд, мукофотҳои таъсиснамудаи Ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск «Дӯстии миллати тоҷику рус» ва Ҳукумати шаҳри Новокузнетск тақдим гардид.

Тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва мусобикахои варзишӣ аз ҷониби ҳамватанонамон дар дигар минтақаҳои Федератсияи Россия ҷараён доранд.

Март 23, 2019 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид