Қудратулло Назарзода, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд: «Бе ҳамкории ҷомеа бо милитсия таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ғайриимкон аст»

Март 1, 2019 08:32

ДУШАНБЕ, 01.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҷаласаи дастурии роҳбарияти Раёсат бо аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гашт.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа муовини якуми сардори Раёсати мазкур Музаффар Ализода вазифаю уҳдадории қувваҳои ёрирасони милитсияро бори дигар ёдрас карда, таъкид дошт, ки ҳамкориро бо ҷомеа устувор намуда, нисбат ба ҳодисаю воқеъаҳое, ки амнияти ҷомеаро халалдор мекунанд, бетараф набошанд.

Ҳамчунин дар самти ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ сардори Раёсат Қудратулло Назарзода яке аз принсипҳои фаъолияти милитсияро дар алоқамандӣ бо аҳолӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ донист. «Бе робитаи милитсия бо ҷомеа ё бе ҳамкории ҷомеа бо милитсия таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ки сарчашмаи рӯзгори осоишта дар ҷомеа маҳсуб меёбад, ғайриимкон аст. Вақте милитсия аз мардум дур аст, фаъолияти мақомот дуруст ба роҳ монда намешавад. Танҳо дар такя бо аҳолӣ метавон пеши роҳи ҷинояткориро гирифт»-, афзуд Қ. Назарзода.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ ва аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия аз ҷумлаи шаҳрвандони фаъолу масъулиятшинос мебошанд. Онҳо ҳамчун қувваи ёрирасон дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини бехатарии шаҳрвандон дар ҳамдастӣ бо масъулини мақомоти корҳои дохилӣ саҳми назаррас доранд.

Март 1, 2019 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад