Варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов медали тиллои мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба қаиқрониро соҳиб гардид
ДУШАНБЕ, 25.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба қаиқронӣ, ки дар Ҳиндустон доир гардид, 23 марти соли ҷорӣ дар масофаи 500 метр сазовори ҷои сеюм гардид. Инчунин, 24 март ин варзишгари маъруфи тоҷик дар масофаи 1000 метр сазовори ҷойи аввал гардида, медали тиллои мусобиқаро соҳиб шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад, мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба қаиқронӣ барои варзишгарони тоҷик ҷиҳати иштирок дар чемпионати ҷаҳон як дарси омӯзишӣ буд. Пас аз ин ғалаба умед аст, ки Шаҳриёр Даминов дар чемпионати ҷаҳон сазовори ҷойҳои намоён мегардад.
Иштирок дар Ҷоми ҷаҳон дар Ҳиндустон барои қаиқронҳои мо аввалин мусобиқаи таҷрибавӣ қабл аз Чемпионати ҷаҳон аст, ки моҳи август дар Венгрия баргузор мегардад.
Варзишгарони мо ҳамчунин моҳи май дар ду марҳилаи Ҷоми ҷаҳон дар Полша ва Германия иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати ҷаҳон варзишгароне, ки ҷойҳои аз 1 то 5-умро ишғол менамоянд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд.








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






