Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар Марокаш соҳиби медали биринҷӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 10-уми марти соли равон дар Марокаш мусобиқаи байналмилалии дзюдо аз силсилаи мусобиқоти Гран При баргузор гардид, ки дар он варзишгари тоҷик Темур Раҳимов сазовори медали биринҷӣ гардид.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз аз Тоҷикистон се нафар паҳлавонон — Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -73 кг, Акмал Муродов дар бардошти -81кг ва Темур Раҳимов дар вазни аз 100 кг боло дар қатори 487 нафар варзишгарон (288 мард, 199 зан) аз 71 давлати дунё иштирок карданд.
Темур Раҳимов дар аввалин рақобаташ бар варзишгари ҳолландӣ Ҷ. Спикерс прӯз гардида, аз ғолиби мусобиқа дар ин вазн -Свен Ҳейнлии олмонӣ мағлуб шуд. Дар зӯрозмоиҳо барои медали биринҷӣ Темур бар Файсал Ҷабадаҳ аз Тунис ғалаба карда, Валадут Симонескуро аз Руминия шикаст дод ва дар натиҷа ба гирифтани медали биринҷии Гран Прии Марокаш ноил гардид. Дар ин вазн Свен Ҳейнли (Германия) -барандаи медали тилло, Ерасул Казибаев (Қазоқистон) -соҳиби медали нуқра ва Темур бо Андрей Колесник аз Украина барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Намояндаи дигари дзюдои Тоҷикистон -Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кг дар аввалин қувваозмоӣ аз Серик Акилбеки қазоқ мағлуб гардида, бо ҳамин муборизаро барои медалҳо аз даст дод.
Дар вазни то 81 кг Акмал Муродов низ ба нокомӣ рӯ ба рӯ шуда, дар зӯрозмоии нахустин аз Мабуи Калонҷӣ аз кишвари Когои Демократӣ мағлуб гардид.
Федератсияи байналмилалии дзюдо ба ғолибони ҷойҳои аввал 3000 доллари ИМА, ба ҷойҳои дуюм 2000 доллар ва ба ҷойҳои сеюм 1000 доллари ИМА ҷоиза тақдим кард. Иштирокчиёни мусобиқа ҳамчунин соҳиби холҳои олимпӣ гардиданд.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






