ВКД ҶТ ХАБАР МЕДИҲАД: Корманди милиса барои муносибати дағалона бо зани роҳгузар аз кор озод карда шуд
ДУШАНБЕ, 22.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як корманди милисаро барои латукӯби як зан аз кор озод намуд. Дар ин бора дар сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар дода шудааст.
Рӯзи 21-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш шуд (ДАР АКСИ ПОЁН), ки корманди милиса ба сару рӯи зане шаппотӣ мезанад. Танҳо пас аз дахолати сокинон зан канор меравад ва аз пушти сар ба милиса як шаппотӣ мезананд. Бино ба қавли ВАО, Мадина Шамсоваи 33-сола сокини ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
Тавре дар хабари ВКД ҶТ омадааст, «бозраси хадамоти роҳбонии Воҳиди махсуси ВКД ҶТ старшинаи милитсия Сафарбек Маҳмасаидзода бо шаҳрванд Мадина Шамсова (соли таваллудаш 1986, пеш барои содир намудани ҷиноятӣ дуздӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шудааст), ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, ба мардуми роҳгузар дарафтода буд, баҳсу мунозира намуда, ҳангоми пеши роҳи ҳуқуқвайронкунии Шамсоваро гирифтан бо номбурда дағалона рафтор намуда, худ ба қонуншиканӣ, яъне вайрон намудани талаботҳои фармонҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ додааст. Бо фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон старшинаи милитсия Сафарбек Маҳмасаидзода аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуд».
Ҳамзамон дар асоси ин фармоиш роҳбарияти Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дуруст ба роҳ нагузоштани корҳои интизоми-тарбиявӣ дар байни ҳайати шахсӣ ба ҷазоҳои гуногуни интизомӣ кашида шуданд, гуфта мешавад дар хабари Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ






