«ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ». Таҳти ин унвон КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе миёни донишҷӯён озмун доир менамояд
ДУШАНБЕ, 30.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои забондон, тарғиби омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳавасманд гардонидани донишҷӯён ба забондонӣ, инчунин дар заминаи дастуру супоришҳое, ки зимни Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /КИ ҲХДТ/ дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода озмуни беҳтарин забондонро таҳти унвони «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» миёни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва коллеҷу литсейҳои ҳудуди шаҳри Душанбе доир менамояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Озмун за се давр иборат буда, даври аввал аз 1 то 16 апрел аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ миёни довталабон, даври дуюм аз 20 апрел то 6 май аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб миёни ғолибони даври аввал ва даври сеюм аз 7 то 17 майи соли 2019 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб миёни ғолибони даври дуюм гузаронида мешавад.
Довталабони озмун бояд таҳсилкунандагони бахшҳои 1, 2 ва 3 муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Душанбе бошанд. Онҳо дар баробари забони модарӣ (тоҷикӣ) инчунин як забони хориҷиро дар сатҳи баланд донанд, яъне озодона суҳбат карда тавонанд. Ҳамчунин довталабон бояд аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ расман пешниҳод гарданд. Иштирокдорони озмун аз рӯи ду шакл — шифоҳӣ ва хаттӣ санҷида мешаванд.
Тибқи Низомномаи озмун, ғолиби ҷойи якум – як нафар, ҷойи дуюм — ду нафар ва ҷойи сеюм — се нафар муайян карда мешаванд. Ба ғолибони ҷойи якум 250 сомонӣ, ҷойи дуюм 200 сомонӣ ва ҷойи сеюм 150 сомонӣ бо идрорпулии (стипендияи) КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе то 6 моҳ (шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2019) дода мешавад. Инчунин ғолибони озмун дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо Ифтихорномаю Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб сарфароз гардонида мешаванд.








Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд






