30 нафар мутахассисони хориҷӣ барои гузаронидани ҷарроҳии дил ба Тоҷикистон омадаанд
ДУШАНБЕ, 16.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Барои гузаронидани ҷарроҳӣ миёни кӯдакон ва наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил 30 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳои 6 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон омадаанд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол» хабар доданд, 13 апрели соли равон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон», инчунин зери сарпарастии Муассисаи «Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум»-и Аморати Муттаҳидаи Араб дар Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол» давраи баргузории ҷарроҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил ройгон оғоз гардид.
Бино ба иттилои манбаъ, мақсади иқдоми мазкур дастгирӣ ва кумак ба нафарони камбизоат буда, ба солимгардонии кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил равона гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки мутахассисони барои амалиёти ҷарроҳӣ ҷалбшуда аз Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ирландия, Баҳрайн ва Германия буда, ҳамзамон мутахассисони варзидаи тоҷик низ дар гузаронидани ҷарроҳиҳо миёни кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил иштирок менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки тайи рӯзҳои 8-12 апрел зиёда аз 470 нафар кӯдакон аз ташхис гузаронида шуданд. Дар ҳамин замина 100 нафар кӯдаконе, ки бино бар доштани бемории нуқсони модарзодии дил зери хатар қарор доштанд, барои амалиёти ҷарроҳӣ тавсия шуданд. Давоми се рӯз 15 нафари онҳо бо роҳи эндоваскулярӣ ва 9 нафари дигар бо роҳи ҷарроҳии кушод бо мувафақият ҷарроҳӣ шуданд.
Амалиёти ҷарроҳӣ дар муассисаи мазкур то 21 апрели соли равон давом дошта, давоми ин муддат 70 нафар бо роҳи эндоваскулярӣ ва 30 нафари дигар бо роҳи амалиёти кушод ҷарроҳӣ хоханд шуд.








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






