ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: дар Хоруғ бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ шурӯъ гардид
ХОРУҒ, 15.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, чун коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.
Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии тарҳҳои нав лоиҳаҳои таҷдиди лӯлаҳои обгузару ташноб ва корхонаи хурди коркарди партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Хоруғро ба имзо расонид.
Мудири бахши иттилоотии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ғолиб Ниятбеков гуфт, ки «Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо масъулини Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон, Вазорати молияи ҷумҳурӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ» оид ба роҳҳои беҳтару босифат амалӣ намудани лоиҳаҳои мазкур мубодилаи афкор намуд. Барои татбиқи лоиҳаҳои мазкур 8 миллион доллар ҷудо гардидааст, ки 4 миллиони он маблағҳои бебозгашт буда, 4 миллиони дигар ҳамчун қарз дода шудааст. Ин иқдом дар чаҳорчӯби сиёсати дарҳои бози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони рушд роҳандозӣ мешавад. Тасмими мазкур дар асоси татбиқи 2 лоиҳаи муҳим оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ ва барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон амалӣ шуда, бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти муҳимияти ин барнома шаҳри Хоруғ низ ба он ворид карда шуд».
Бояд хотиррасон кард, ки пойгоҳи обу ташноби шаҳри Хоруғ солҳои 60–уми асри гузашта бо дарназардошти аҳолии 7 ҳазорнафараи он давра бо иқтидори 630 метри кубӣ бунёд гардидааст. Имрӯз аҳолии шаҳр беш аз 31 ҳазор нафарро ташкил дода, қариб 5 маротиба афзоиш ёфтааст. Илова бар ин аксарияти қубурҳои обу корезӣ пӯсидаву фарсуда гашта, нисфи оби истифодашаванда талаф меёбад.
Лоиҳаи дигар- ин ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Хоруғ мебошад. Хазинаи сохтмони он ба 4 миллион доллар баробар аст, ки 2 миллиони он ҳамчун қарзи бонкӣ мебошад. Дар асоси ин лоиҳа тамоми нуқтаҳои партови шаҳри Хоруғ аз нав сохта шуда, бо қуттиҳои ахлотпарто таъмин мегарданд.
Дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур дастрас кардани зиёда аз 11 адад техникаи махсуси коммуналӣ, бунёди мошинсарой ва бозсозии бинои хоҷагии манзили коммуналии шаҳр низ дар назар дошта шудааст. Зиёда аз 2,1 миллион доллари ин лоиҳа барои бунёди минтақаи нави ахлотпарто дар масоҳати 5,4 гектар дар деҳаи Гожаки ноҳияи Шуғнон, дар километри сеюми қисмати шимоли шаҳр пешбинӣ шудааст.








Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






