ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ховалинг як зумра иншооти мавриди ниёзи мардум ба истифода дода шуданд

Апрель 13, 2019 09:54

ХОВАЛИНГ, 13.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон як зумра иншооти барои мардум зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон, ҷалби соҳибкорон ва саҳми сокинон дар деҳаи Паранаки Ҷамоати деҳоти «Ховалинг» иншооти оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд. Иншоот аз манораи об, марказҳои тақсимоти об, ҳисобкунакҳо ва 70 нуқтаи обгирӣ иборат буда, барои  беш аз 350 нафар сокинон пешбинӣ шудааст.

Ҳамин гуна иншоот дар яке аз дурдасттарин деҳаҳои Ҷамоати деҳоти «Ҷонбахт» барои 30 оила ба истифода супорида шуд. Иншоот ҷавобгӯ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ буда, аз обанбор барои 20 метри мукааб об, иншооти обтаъминкунӣ, ҳисобкунакҳо ва 30 нуктаи обгирӣ иборат мебошад.

Тавре сокини ноҳияи Ховалинг  Ҳасан Аминов иттилоъ  дод, сокинони ҷамоат барои ин ғамхориҳо миннатдории хешро ба роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баён карданд.

Чанде пеш бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби соҳибкорон бинои маркази дандонпизишкии ноҳия тариқи ҳашар пурра навсозӣ гардид. Корҳои сохтмонӣ дар муҳлати кӯтоҳтарин бо сифати баланд ба анҷом расиданд. Минбаъд дар ин марказ, ки шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст, 12 нафар кормандони соҳа ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Ҳамзамон дар деҳаи «Чуқурак»-и Ҷамоати деҳоти «Ҷомбахт» соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинон тариқи ҳашар бо ҷалби техникаҳои Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ба сангфаршкунии роҳҳои деҳа оғоз карданд. Баъди анҷоми сангфаршкунӣ соҳибкорон мақсад доранд, ки аз чашмаҳо ба воситаи қубурҳо то деҳа оби нӯшокӣ кашонанд ва аҳолии деҳаро бо оби ошомиданӣ пурра таъмин намоянд.

Бинои нави мактаб дар деҳаи Шугнови ноҳияи Ховалинг

 

Апрель 13, 2019 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд