Агентии обуҳавошиносӣ: аз 23 то 25 апрел дар Тоҷикистон боронҳои шиддатнок меборанд

Апрель 23, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 23.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз  23 то 25 апрел дар Тоҷикистон  ҳавои номусоид  боқӣ монда,  боридани боронҳои шиддатнок  дар назар аст.   Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар дод.

Ба иттилои Ҷамила Байдуллоева, хусусан 24 апрел дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ бориши боронҳои ниҳоят шиддатнок  дар назар дошта шудааст.  Дар  шаҳри Душанбе низ борон шиддат гирифта,  эҳтимолияти то як шабонарӯз  боридани он дар назар аст.

Бино ба иттилои манбаъ,  дар ин шабу рӯз дар ноҳияҳои Варзоб, Файзобод,  Рашт, Нуробод, шаҳри Ваҳдат,     шаҳри Хучанд, Панҷакент, Истаравшани вилояти Суғд ва  шаҳри Бохтар, Кӯлоб, Данғара, ноҳияҳои Ховалинг, Восеъ ва  Ш. Шоҳини вилояти  Хатлон  боронҳои   ниҳоят шиддатнок  меборанд.

Шаби  23 ба 24 апрел дар қисматҳои ҷанубии вилояти Хатлон  каму беш  чангу ғубор  вазида, дар вилояти Суғд,  ноҳияҳои тобеи марказ ва як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон шиддат гирифтани шамол дар назар аст. Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд боридани боронҳои на он қадар шиддатнок  пешгӯӣ мешавад.

Ба зикри сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ,   шаби 24 ба 25 апрел   дар натиҷаи  боридани боронҳои шиддатнок  якбора баландшавии сатҳи оби  дарёҳои Ёхсу, Қизилсу  Хингоб, Кофарниҳон  ва Варзоб аз эҳтимол дур нест.  Инчунин дар  қисми зиёди минтақаҳои  ҷумҳурӣ хатари  фаромадани сел ва ярч  дар назар дошта шудааст.

Дар  охири моҳи апрел  тағйир ёфтани вазъи ҳаво ва  боридани борон бо раъду барқ дар назар буда, ҳаво 28-29 апрел дар як зумра минтақаҳо асосан  бебориш мешавад.

Апрель 23, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ