ҒАЛАБА МУБОРАК! «Хуҷанд» дар майдонаш дастаи «Дордой»-и Қирғизистонро мағлуб намуд

Апрель 18, 2019 08:25

ДУШАНБЕ, 18.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми  дирӯз дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон дар рақобатҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019  дар майдонаш  дастаи  футболи «Дордой»-и Қирғизистонро қабул намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар»  хабар медиҳад, ин  вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» баргузор шуда, бо ҳисоби 3:1 ба нафъи дастаи  футболи  «Хуҷанд» хотима ёфт. Голи нахустини дидорро дар дақиқаи 17-ум футболбози меҳмонон Бекжан Сагинбаев ба нишон  расонид.

Дар лаҳзаҳои охири қисми аввали  рақобат футболбози шинохтаи  дастаи  «Хуҷанд» – Дилшод Восиев ба рақибон голи ҷавобӣ зада, ҳисобро мусовӣ намуд. Дар дақиқаи 63-юм Дилшод Восиев голи дуюмро ба ҳадаф расонид. Нуқтаи ниҳоиро дар ин бозӣ Ҷаҳонгир Эргашев гузошт. Ӯ дар дақиқаи 89-ум голи сеюми дастаашро аз пеналти ба нишон  расонида, пирӯзии дастаи «Хуҷанд»-ро таъмин намуд. Баъди ин бозӣ  дастаи футболи «Хуҷанд» се имтиёз ба даст оварда, ба зинаи дуюми гурӯҳи «D» роҳ ёфт.

Ёдовар мешавем, ки шогирдони Виталий Левченко дар даври сеюм бо дастаи футболи  «Алтин – Асир»-и Туркманистон рақобат мекунанд.

Апрель 18, 2019 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад