Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 10 ҳазору 500 оилаи ниёзманд кумаки хайриявӣ мерасонад

Апрель 30, 2019 11:05

ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 ҳазору 500 оилаи ниёзманд кумаки хайриявии маводи хӯрокӣ дастрас менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар доданд.

«Ин кумакҳо ба оилаҳои ниёзманд расонида шуда, 50 кг орд, 3 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг нахӯд ва дигар маҳсулоти хӯрокиро дар бар мегиранд», — афзуд манбаъ.

Кумакҳои мазкур ба шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Хуҷанд, Варзоб, Рўдакӣ, Шаҳринав, Восеъ, Темурмалик, Данғара, Вахш ва Панҷ равона карда шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷамъияти мазкур оғози тақсимоти кумакҳоро 27 апрели соли равон аз ноҳияи Рўдакӣ ба роҳ мондааст. То 10 майи соли равон тибқи нақшаи муқарраргардида, кумакҳои башардўстона ба оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои мақсаднок дастрас карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти хайриявию башардўст баҳри дастгирии табақаи ниёзмандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд.

Апрель 30, 2019 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид