Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии об дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши «Тозагии соҳил-2019» доир гардид

Апрель 4, 2019 09:09

ТУРСУНЗОДА, 04.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии маҳаллаҳо ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар мавзеи соҳили дарёҳои  Қаратоғу Ширкент ва дигар  каналу ҷӯйҳои шаҳри Турсунзода   ҳамоиши «Тозагии соҳил-2019» гузаронида шуд. Дар он зиёда аз 1000 нафар ҷавонону сокинони ноҳия  фаъолона иштирок намуданд.

Сардори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Лоиқ Раҳмонов гуфт, ки имрӯзҳо дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ, тозакунии муҳити зист, ба талаботи санитарию экологӣ ва меъморию шаҳрсозӣ мутобиқ гардонидани маҳаллаҳои аҳолинишин ва дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҷараён доранд.

Ҳамчунин  дар  баробари тоза намудани соҳили дарёҳо,  кӯчаю хиёбонҳо дар ҳудуди шаҳр  26 ҳазор бех дарахтони ороишию мевадиҳанда ва 48 ҳазору 500 гулу буттаҳо шинонида шуданд.

Апрель 4, 2019 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд