Беҳтарин ихтироъкорони Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018 муайян гардиданд
ДУШАНБЕ 27.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрели соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018» ҷамъбаст гардид. Комиссияи озмун пас аз омӯзишу баррасӣ 12 нафар ихтироъкоронро ғолиби озмун эълон карда, онҳоро бо ҷоизаҳо қадрдонӣ намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, қабули ҳуҷҷатҳо ба озмуни мазкур 2 январ оғоз гардида, дар он 67 нафар ихтироъкорон ҳуҷҷат пешниҳод намуданд.
Тибқи хулосаи комиссияи озмун профессори кафедраи «Технологияҳои маснуоти нассоҷӣ», декани факултети «Технология ва дизайн»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Холназар Иброгимов барои ихтирои «Гармиҳосилкунанда» сазовори медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) ва мудири шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Заррина Яминова барои саҳмгузорӣ дар фаъолияти ихтироъкорӣ, сазовори ҷоизаи олии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ ва медали тиллоии ба номи В.И. Блинников ҳамчун беҳтарин ихтирокорони Тоҷикистон дар соли 2017-2018 гардиданд.
Доктори илмҳои химия, мудири кафедраи химияи фарматсевтӣ ва заҳршиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Умаралӣ Раҷабов, академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи физикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Самаритдин Каримов, номзади илмҳои кишоварзӣ, Раиси ташкилоти ҷамъияти «Водии Вахш» Додоҷон Асланов ва дандонпизишк, корманди беморхонаи «Евродент» Азиз Ҳафизов бо «Нишони фахрӣ»-и Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-қадрдонӣ шуданд.
«Ба муовини директор оид ба илм ва таълими Институти хокшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Салимов, номзади илмҳои тиб, Ассистенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1 — и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Қаҳрамон Назирбоев ва номзади илмҳои ветеринарӣ, котиби илмии Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзӣ Сулаймон Назруллозода «Нишони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» тақдим карда шуд. Ҳамчунин ихтироъкори ҷавон сардори маркази истеъдодҳои ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фирӯз Сайфудинов бо Дипломи дараҷаи аввал, Ходими калони илмӣ, химик-технологи Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мақсуд Сангов бо Дипломи дараҷаи дуюм ва ходими илмӣ, котиби илмии Шӯрои илмии Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Давлатмамадова бо Дипломи дараҷаи сеюм сарфароз гардонида шуданд», — илова намуд манбаъ.
Мақсади аз баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018» ин ҷалби шахсони лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни аҳолӣ, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорон ва ҷавонони лаёқатманди дорои қобилияти зеҳнию эҷодӣ дошта мебошад.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст






