Боришоти борон дар Душанбе сабаби расишҳои кӯтоҳи барқӣ гардид

Апрель 25, 2019 08:44

ДУШАНБЕ, 25.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, тахминан соати 21:00-дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе дар натиҷаи боришоти зиёди борон яке аз чоҳҳои амудӣ (калодетс) пур аз об шуда,  ба ноқилҳои баландшиддати қувваи барқ, ки аз зери замин мегузаштанд об расида, расишҳои кӯтоҳи барқӣ ба  амал   омад, ки он сабаби ба вуқӯъ пайвастани  садамаи хурд  гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуши табиӣ   наздики  5 метр роҳи пиёдагард хароб шуда, ягон нафар шаҳрвандон осеб надидаанд. Айни ҳол аз ҷониби мақомоти дахлдори шаҳри Душанбе корҳои бартарафсозии ин ҳолати садамавӣ  идома дорад.

Апрель 25, 2019 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад