«Дандонпизишкӣ, гепатитҳо ва хатарҳои нигаронкунанда дар тиб», «Зи касби даст беҳтар ҳосиле нест…» — шарҳи матбуот

Апрель 25, 2019 15:42

ДУШАНБЕ, 25.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матуботи даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир  ба ҳодисоти  дохил ва рӯйдодҳои  берун аз   мамлакат  чӣ андеша доранд?   Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият»  шумораи   23  апрели соли  соли равон (№77 (23680))   дар бораи мусоҳибаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо хабарнигорони расонаҳои иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин  хабари муфассал ба нашр расидааст.  Дар хабари мазкур, аз ҷумла омадааст: «Зимни суҳбат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳо ва афзалияти ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» дар таъмини рушди устувору бемайлони иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, дар бораи аҳамияти баргузории ҳамоиши сарони давлатҳо, вазъи феълии муносибатҳои дӯстию ҳамкории кишварҳои шарики стратегӣ — Тоҷикистону Чин, саҳми Тоҷикистону давлати ҳамсоя дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ба манфиати мардумони ду кишвар, инчунин, дигар самтҳои равобити дуҷониба, ба саволҳои хабарнигорони Чин посухҳои мушаххасу пурмуҳтаво доданд.

Мавриди зикр аст, ки мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони чинӣ дар Шабакаи телевизиони ССТV-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, сомонаҳои интернетӣ, Агентии иттилоотии «Синхуа», рӯзномаи калонтарини Чин «Жэнмин Жибао» ва дигар васоити ахбори омма ба таври васеъ инъикос гардид ва то имрӯз, аллакай, миллионҳо нафар аз мазмуну муҳтавои ин суҳбат огаҳӣ пайдо карданд.

Дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»  таҳти сарлавҳаи «Сайёҳӣ. Аз рушди соҳа то мушкилоти ҳалталаб» мақолаи таҳлилии  мухбири ин рӯзнома Меҳрангез Қодирова  ба нашр расидааст. Муаллиф зимни барассии мавзӯи мазкур, аз ҷумла, нигоштааст: «Бо вуҷуди он ки иқтидори туристии Тоҷикистонро дар минтақа дигар кишварҳо надоранд, ин захираҳо ба пуррагӣ омӯхта нашудаву мавриди истифода қарор нагирифтаанд ва сар карда аз сатҳи хизматрасонӣ то вазъи инфрасохтор мушкилиҳои зиёде мавҷуданд. Барои мисол, сайёҳии экологию кӯҳӣ аз самтҳои афзалиятноки туризми кишваранд ва майли сайёҳон ба табиати бикри манотиқи кӯҳӣ беш аз пеш меафзояд. Ҳатто, дучархасаворон ҳам ба минтақаҳои кӯҳӣ мароқ зоҳир мекунанд. Аммо инфрасохтори сайёҳии ин мавзеъҳо талаботи сайёҳонро қонеъ гардонда наметавонад. Мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ бошанд, дар ҳолати на он қадар хуб қарор доранд ва шумораи зиёди онҳо зери хоканд. Ҳарчанд вазъи мавҷуда борҳо аз ҷониби роҳбарияти кишвар интиқод гардид, ҳамоно ҳолати қисме аз ёдгориҳо ташвишовар боқӣ мондааст. Аксари ёдгориҳо дар деҳаҳо ҷойгиранд, ки роҳҳои дохилии онҳо низ таъмирталабанд».

Дар ин шумораи рӯзнома ҳамчунин   аз дигар воқеаву рӯйдодҳои  навин   дар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  хабару гузоришҳои ҷолиб ба нашр расидаанд.

Нашрияи порлумонии мамлакат «Садои мардум» (№45, 23.04.2019)  аз  ифтитоҳи ду иншоот ва корҳои навсозӣ дар комбинати орди шаҳри Душанбе, ки 20 апрели соли равон бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор гардиданд,   гузориши мукаммалро пешкаши хонандагони рӯзнома гардонидааст.

Дар ин шумораи рӯзномаи «Садои мардум» таҳти сарлавҳаи «Ҳар амали хайру савоб, ки анҷом медиҳем, барои пешрафти давлати миллӣ ва насли оянда мекунем» суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони шаҳри Душанбе зимни ба истифода додани Амфитеатр дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ  ба нашр расидааст.

Дар ин шумора ҳамчунин таҳти сарлаваҳои «МОИ-замина барои боз ҳам беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум», «Иҷрои барномаҳои давлатӣ дар кадом сатҳ аст?», «Дар Душанбе бунёди 17 муассисаи таълимӣ барои 22 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад», «Терминали чорум кай сохта мешавад?», «Хатлон. Бекоршавии ақди никоҳ рӯ ба афзоиш аст», «Ҷавонони  бомаҳоратро дастгирӣ бояд кард», « Пирӯзӣ ҳазор падар дораду шикаст ятими кулл?!»,  ва « Агар зиндагии шоиста хоҳем…» маводҳои таҳлилии рӯзноманигорон ва коршиносон ба нашр расидааст, ки дар онҳо як зумра масъалаҳои муҳими ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.

«Народная газета» — нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Душанбе, Амфитеатри Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, оғози корҳои навсозии корхонаи орди шаҳри Душанбе, ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка ирсол шудани барқияи тасаллият дар робита ба амалҳои террористӣ, мусоҳиба бо хабарнигорони расонаҳои маъруфи иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин, мулоқот бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан, тасдиқ шудани рамзи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» хабару гузоришҳои муфассали расмиро чоп кардааст.

Нашрия дар мавзӯи «Об барои рушди устувор» мусоҳибаи раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Рустам Латифзодаро чоп кардааст, ки дар он паҳлуҳои гуногуни мушкилоти об дар замони муосир ва роҳҳои ҳалли он мавриди баррасии амиқ қарор гирифтааст. Мақолаи «Ба қайдгирии довталабон то охири моҳи апрел тамдид карда шуд» дар бораи фаъолияти Маркази миллии тестӣ ҷиҳати ба қайд гирифтани довталабон ва омодагии онҳо ба имтиҳоноти дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус нақл мекунад. Дар мавзӯи таъмини амнияти ҷомеа ва давлат нашрия мақолаи коршинос Виктор Кошевойро чоп кардааст. Муаллифи мақола ба тафсил, бо рақаму далел ҷиноятҳои содиркардаи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломиро нишон дода, аз хатари ин созмони террористӣ ба суботу оромии на танҳо Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақа ҳушдор додааст.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ инчунин мақолаҳои зеринро чоп намудааст: «Дандонпизишкӣ, гепатитҳо ва хатарҳои нигаронкунанда дар тиб», «Дар мақомоти САҲШ дигаргуниҳои ҷиддиро интизоранд», «Марҳами дил», «Тарҷумаи «Ал –Қонун», «Иммунизатсия –дарҳои пӯшида барои бемориҳои сироятӣ» ва «Қорӣ ишкамба»- имрӯз ё дирӯз?» .

Нашрияи  КИ  ҲХДТ   дар шаҳри Душанбе -ҳафтаномаи «Мароми пойтахт»  шумораи  навбатиро  (24.04.2019, №16, 557) пурра ба ҷашни Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе  бахшидааст. Дар ин шумора  аз иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими расмии ифтитоҳи муассисаи таълимӣ дар пойтахт,  амфитеатри Боғи Абулқосим Фирдавсӣ хабару гузоришҳо омода шудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора доир ба  вохӯрии Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ  бо намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин  ва Туркия хабари муфассал ба нашр расидааст.

Дар асоси нақша-чорабиниҳои мавҷуда як қатор фаъолҷавонону кормандони ҳизбии пойтахт ба шаҳри Турсунзода сафар карданд. «Мароми пойтахт» аз ҷараёни ин сафар дар саҳифаи 4-уми нашрия гузориши муфассал омода намуда, пешниҳоди  хонандагон гардонидааст.

Ёдовар мешавем, ки  ҳафтаи қабл сафари расмии Президенти  мамлакат  ба Федератсияи Россия сурат гирифта буд ва хабарнигори нашрия дар ин шумора аз таърихи ҳамкории байни ду давлат  маводи ҷолиб  омода  намудаанд.

Бо минтақаҳои озоди иқтисодии  Тоҷикистон  ва фаъолияти онҳо хонандагон метавонанд дар мавзӯи «МОИ — василаи рушди иқтисоди миллӣ»  ошно гарданд. «Зи касби даст беҳтар ҳосиле нест…» аз маводҳои дигари ҷолиби  ин нашрия аст, ки  дар бораи ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзиши онҳо қисса мекунад.

Хонандагон аз мутолиаи рубрикаи  «Панди бузургон»-и саҳифаи фароғатии «Мароми пойтахт» ғизои маънавӣ хоҳанд бардошт.

 Рухсораи НУР,
                                                                                             АМИТ «Ховар

Апрель 25, 2019 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Рӯзи ҷавонон бо шаҳомати хосса таҷлил карда шуд
Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Роғун бо иштироки зиёда аз 2500 нафар роҳпаймоӣ доир гардид
Дар Душанбе нишасти матбуотии Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардид
СИГНАХИ. Шаҳри муҳаббат ва маконе дар Гурҷистон, ки дар он ҳамеша сулҳ пойдор будааст
«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОЙИНИ ХУДШИНОСӢ». Дар ноҳияи Синои пойтахт даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
ҶАВОНОН-НЕРУИ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Фархор Рӯзи ҷавононро таҷлил намуданд
«СОЗАНДАГОНИ ВАТАН». Дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Гулистон барномаи идона доир шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вохӯрӣ баргузор гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба он ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе доир ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ машварат доир шуд